Дар соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон 46 корхона бо таъсиси зиёда аз 443 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар вилоят ба 927 адад расид. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки лар нимсолаи якуми соли 2026 дар вилоят ба маблағи 6,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 896,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати рушди он 113,9 фоизро ташкил дод.
Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 112,1 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, 106,5 фоиз саноати коркард, 113,2 фоиз саноати истихроҷ ва 134,9 фоиз аз ҳисоби дигар соҳаҳо таъмин шудааст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ ва коркард 50,5 фоиз ва соҳаи таъминоти неруи барқ 48,8 фоизро ташкил медиҳад, ки хусусияти хоси сохтори саноати вилоятро инъикос менамояд.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят 1073,3 тонна гӯшти мурғ (109,7%), 657,3 тонна маҳсулоти шири холис (104%), 7085,4 тонна равғани растанӣ (107,3%), истеҳсоли консерва 6322,4 ҳазор қуттии шартӣ (100,8%), коркарди намаки ошӣ 7183,2 тонна (113,5%), нахи пахта 10,2 ҳазор тонна (2,2 баробар), нахи шишагин (истеҳсоли ресмон) 938,8 тонна (120,2%), сӯзишвории дизелӣ 466,5 тонна (122,5%), микросемент 1336 тонна (2,1 баробар), семент 1438,9 ҳазор тонна (101,1%), гаҷи кардонӣ 1205,3 ҳазор дона (115,6%), шпаклёфка 6644,9 тонна (173%), хишти бинокорӣ 21,3 млн дона (150,7 %) ва мебел ҳамагӣ 5412,1 дона (127,1%) истеҳсол шуда, зиёд таъмин гардидаанд.



