Пас аз натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «D» дохил шуд. Ҳарифони дастаи мунтахаби мо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский дар бораи натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар он дастаи мо якҷо бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур шомили гурӯҳи «D» гардид, изҳори назар кард.
«Ҳамеша метавонад беҳтар ё бадтар бошад. Қуръакашӣ баргузор шуд. Мо бояд бартарии рақибони худро дар бозӣ бодиққат таҳлил карда, ба бозӣ бо онҳо омодагии чиддӣ гирем», -гуфт Игор Ангеловский.
Ба гуфтаи ӯ, «Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард. Ин аз сатҳи баланди касбияти ин бозингарон шаҳодат медиҳад. Сингапур низ аз ҷониби худ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд, пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем. Дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем. Қадам ба қадам барои расидан ба ҳадаф омодагӣ мебинем».
«Ман ба бозигарони худ комилан боварӣ дорам. Мо таҷриба ва сатҳе дорем, ки аз гурӯҳ бароем. Қувваи асосии мо дар ягонагист. Вақте дар бораи даста ҳарф мезанам, на танҳо 11 бозигари майдон, балки тамоми ҳайати тими миллӣ, ситоди мураббиён, кормандони тиббӣ ва маъмурӣ, федератсия, рӯзноманигорон ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро дар назар дорам. Мо бояд ҳама як даста бошем. Тоҷикистон, ба пеш!» — гуфт Игор Ангеловский пас аз қуръакашӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь