Тоҷикистон ба мақомоти Афғонистон дар робита ба вайрон кардани фазои ҳавоии худ, осеб дидани манзилҳои маҳаллӣ ва марги як шаҳрванди осоишта дар ноҳияи Дарвоз нотаи эътирозӣ фиристод. Дар ин бора Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Даргириҳои мусаллаҳона дар рӯзҳои охир дар минтақаҳои марзии вилояти Бадахшони Афғонистон, бахусус дар ноҳияҳои ҳаммарзи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, таҳдиди амниятӣ барои минтақаҳои марзии ҷумҳурӣ эҷод карда, боиси вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, фазои ҳавоии Тоҷикистон вайрон, биноҳои истиқоматӣ осеб диданд ва дар ноҳияи Дарвоз як шаҳрванди осоишта кушта шуд.
Дар ин робита ба ҷониби Афғонистон нотаи эътирозӣ супорида шуд. Дар ин ҳуҷҷат, Тоҷикистон эътирози шадиди худро баён карда, аз ҷониби Афғонистон талаб кардааст, ки ин ҳодисаро ҷиддӣ қабул кунад, ба дахлнопазирии марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром гузорад ва барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.
Маъмурияти ноҳияи Дарвоз ба «АП» тафсилоти ин ҳодисаро нақл кардаанд. Зани кушташуда Жасмина Ширинҷони 21-сола, сокини деҳаи Даштак, муаррифӣ шудааст. Аз ӯ як кӯдаки хурдсол боқӣ мондааст. Ба гуфтаи манбаъ, зан ҳомиладор будааст. Ҳодиса 13 август тақрибан соати 18:40 рух додааст. Дар вақти ҳодиса Жасмина дар хона корҳои хона мекард. Тир аз тиреза ворид шуда, ба ҷигари ӯ расидааст. Ӯро ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд, аммо дар роҳ ҷон додааст.
Ин ҳодиса дар пайи он рух дод, ки дар ноҳияи ҳамсояи Афғонистон – Нусай дар вилояти Бадахшон, воқеъ дар муқобили ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, даргириҳои мусаллаҳона шудаанд. Аз 11 август инҷониб, дар ноҳияи Нусай даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои Толибон ва ҷонибдорони фармондеҳи бонуфуз Ҷумъахон Фотеҳ идома доранд.



