Мунира Шаҳидӣ, шарқшинос, санъатшинос ва фарзанди оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар 83-солагӣ даргузашт.
Мунира Шаҳидӣ муассис ва роҳбари Бунёди байналмилалии “Шаҳидӣ” ва Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буд.
Ӯ бахши англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогии Киевро хатм карда, дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2004–2005 ҳамчун коршиноси ЮНЕСКО фаъолият карда, узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса ва Институти Суэд буд.
Мунира Шаҳидӣ муаллифи беш аз 80 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монографияи “Ибни Сино ва Данте” мебошад.
Ӯ ахиран китобе бо унвони “Иртиботи байнифарҳангии Шарқу Ғарб дар асри XXI” интишор кард ва дар суҳбат бо “Азия-Плюс” пиромуни дарунмоя ва аҳаммияти ин китоб, рӯнамоии он дар Кембриҷу Берлин ва Бокув, таваҷҷуҳ ба санъату китоб дар Тоҷикистон гуфт.



