Ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов шаби гузашта дар шаҳри Ҳисор даргузашт. Дар ин бора дӯстони ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, марги Бахтиёр Раҳимовро талафоти бузурги ҳунари ҳаҷву танз донистанд.
Ба гуфтаи продюсери барномаҳои Раҳимов, Наврӯз Шарифов, ҳунарпеша шоми дирӯз дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” консерт доштааст. Шарифов рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Раҳимов ду соат дар саҳна буду мардумро хандонд. Баъдан навбатро ба як сароянда дода, ба утоқи истироҳат рафтааст. Дар онҷо аҳволаш бад шуда, пас аз лаҳзае даргузаштааст. Бахтиёр Раҳимов аз бемории қалб ранҷ мекашид.
Бахтиёр Раҳимов, ки бо номи “Ғарибшо” маъруф буд солҳои зиёд дар саҳна, асосан дар жанри ҳаҷв ҳунарнамоӣ мекард. Танзу хушгӯйии ӯ бавижа дар солҳои аввали баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон мардумро рӯҳбаланд мекард ва иродаи зиндагиро ба онҳо бармегардонд. Даҳҳо сухани нишонрасаш дафъатан сари забонҳо мешуд ва дар кӯчаву бозор такрор мегашт. Яке аз муҳимтарин хислати ҳунарманд дар он буд, ки суханони хандаовар мегуфт, аммо худ ҷиддӣ мемонд ва ин табиати истеъдоди ӯро ба намоиш мегузошт.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд имрӯз, 1-уми июл соати 13 дар зодгоҳаш, деҳаи Ноҷии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Бахтиёр Раҳимов ҳаҷвнигори шинохта ва яке аз бунёдгузорони гуруҳи ҳаҷвии «Ғарибшо компания» буд ва бо офаридани нақши “Ғарибшо” бештар маҳбубият дошт. Вай дар чандин филм ҳам нақш офаридааст.

Даргузашти Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик
Блоки рекламавӣ


