Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил барои 16 нафар ятимони кулл иқдоми хайриявӣ баргузор гардид.
Дар он раиси ноҳия Амрзода Маҳмуд Ҳамид ва вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ иштирок карда, ба ятимон кумаки молиявӣ, сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки дастгирии ятимону ниёзмандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили наврасон зери таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дорад. Ятимон барои чунин иқдоми хайрхоҳона изҳори сипос намуданд.
Блоки рекламавӣ



