Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Саидзода Тоҷиддин Саид – муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, Табарзода Валӣ Саидхон – муовини якуми раиси ноҳияи Ховалинг, Неъматзода Фарзона Изатулло – муовини раиси ноҳияи Восеъ ва Қосимӣ Назокат Шералӣ – муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва босадоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбат ба зердастон серталаб бошанд.
Асосӣ Хабари рӯз Дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ховалинг, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ муовинҳои нав таъин шуданд

Дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ховалинг, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ муовинҳои нав таъин шуданд
Блоки рекламавӣ


