“Дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» 18 ҳазору 300 коргар ва корманди муҳандисию техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 адад расонида шудааст.

Дар давраи солҳои 2024-2025 ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд “- гуфтанд Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун.
Дар мулоқот Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-
Аз ширкати «Вибилд» (Webuild S.p.A. —гурӯҳи саноатии итолиёӣ, ки ба сохтмон машғул аст) талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлати муқарраргардид,а обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.
Ширкати «Вибилд» вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монад, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хати конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Ҳамзамон ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь