Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, роҳбари оҷонсии муҳоҷирати СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко ва ҳайати ҳамроҳонашонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди футбол дар вилояти Суғд, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш, татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва бунёди майдонҳои футбол дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди УЕФА барои кӯдакон татбиқи лоиҳаи махсусро барои кӯдакон ва ҷавонони минтақаҳои наздисарҳадӣ оғоз менамояд. Дар доираи ин лоиҳа бунёди майдонҳои муосири футбол дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Ишкошими ВМКБ пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур беш аз 20 ҳазор кӯдакон ва ҷавонони сокини минтақаҳои наздисарҳадиро фаро гирад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дигар паҳлуҳои татбиқи лоиҳаро баррасӣ намуда, омодагии худро барои амалисозии самараноки он таъкид карданд.

Дар Исфара ва Ишкошим майдони футбол месозанд
Блоки рекламавӣ


