Пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ дигар ба шанбегиҳо ва дигар корҳои берун аз муассисаҳои таълимӣ ба таври маҷбурӣ ҷалб карда намешаванд.
Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ хабар дод.
«Омӯзгорону мураббиён танҳо дар ҳудуди муассисаҳои таълимии худ метавонанд ба корҳои ободонӣ, тозагӣ ва кабудизоркунӣ машғул шаванд. Ин корҳо ба нигоҳдории муҳити таълимӣ равона шудаанд. Аммо ҷалби маҷбурии онҳо ба шанбегиҳо ва дигар корҳои берун аз муассисаҳои таълимӣ роҳ дода намешавад», — гуфт Абдуллозода.
Ба таъкиди ӯ, кормандони соҳаи маориф, мисли дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ дар чорабиниҳои ободонӣ ва шанбегиҳо иштирок намоянд, вале ин иштирок бояд танҳо ихтиёрӣ бошад.
Масъулони соҳа бар ин назаранд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти касбӣ мусоидат намуда, барои рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.



