Дар шаш моҳи соли 2026 кормандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар маҷмӯъ 1 ҳазору 481 чорабинии тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд. Дар ин бора сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Чилазода Шарафҷон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, чорабиниҳо ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои давлатӣ бахшида шуданд.
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ 87 барномаи телевизионӣ, 308 барномаи радиоӣ ва 103 мақолаю шарҳи ҳуқуқӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардид. Ҳамзамон, дар маҳаллаҳои аҳолинишин 505 ва дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ташкилоту идораҳо, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо 450 суҳбату вохӯриҳо баргузор шуда, инчунин 20 семинар-машварат ва 8 конференсия доир гардид.
Зикр шуд, ки аз шумораи умумии чорабиниҳо 170 адад ба тарғиби тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 253¹) ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаи 382) вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ бахшида шуда, 182 чорабинӣ низ ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ ихтисос дода шудааст.
Ба таъкиди Чилазода Шарафҷон, Раёсати адлияи вилояти Хатлон минбаъд низ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақвият хоҳад бахшид.



