Дар бинои Маркази малакаҳои касбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобии фотоэлектрикии иқтидораш 150 кВт ба истифода дода шуд.
Неругоҳи офтобӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин амалисозии бандҳои алоҳидаи «Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Бонки Осиёии рушд бунёд шудааст.
Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ имкон медиҳад, ки қисми муайяни эҳтиёҷоти донишгоҳ ба неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин шуда, саҳми муассиса дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи муҳити зист боз ҳам бештар гардад. Тибқи ҳисобҳои техникӣ, иқтидори истеҳсолии он солона зиёда аз 205 ҳазор киловатт-соат неруи барқро ташкил медиҳад.
Мавриди таъкид аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings татбиқи принсипҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва технологияҳои инноватсиониро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобад. Насби неругоҳи офтобии 150 кВт яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи ташаккули донишгоҳи «сабз» ва баланд бардоштани мавқеи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь