Дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Бохтар сохтмони муассисаи нави таълимии чорошёна барои 2400 хонанда дар ду баст идома дорад.

Айни ҳол сохтмончиён корҳои асосии бунёдӣ ва васлу насби иншоотро ба роҳ монда, сохтмони муассиса бо маром идома дорад.

Муассисаи нав бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсил, фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди таълим ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба ҷойҳои нави таҳсил бунёд мегардад.

Интизор меравад, ки баъди ба истифода додани муассиса садҳо нафар хонанда имкони таҳсил дар шароити муносибу муосирро пайдо мекунанд.

Фармоишгари корҳои сохтмонии ин иншооти муҳими иҷтимоӣ Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь