1 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти вилоят, намояндагони мақомоти давлатӣ, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон аҳли маориф, донишҷӯён, хонандагон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, таъкид карданд, ки рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омӯзиши технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва зеҳни сунъӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 196 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи 393 миллиону 550 ҳазор сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ гардида, барои 34 ҳазору 848 ҷойи нишаст шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷамъомад ҳамчунин ба масъалаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва омодасозии ҷавонон ба касбу ҳунарҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф масъулияти бештар ҷиҳати тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь