Дар маҳаллаи Ҳоҷишарифи шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, корҳои мумфаршкунии беш аз 5 километр роҳи маҳаллӣ оғоз гардид. Паҳнои роҳ 7 метрро ташкил медиҳад.

Дар маросими оғози корҳои роҳсозӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид иштирок намуданд.
Тибқи иттилоъ, ин иқдоми созанда дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади ободонии маҳаллаҳо, беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон амалӣ мешавад.
Дар татбиқи ин ташаббус саҳми соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров назаррас арзёбӣ шуда, корҳои мумфаршкунии роҳ бо дастгирии ӯ роҳандозӣ гардидаанд. Соҳибкор ҳамчунин тасмим дорад, ки ду тарафи роҳро пурра чароғон намояд.
Масъулон таъкид карданд, ки навсозии роҳҳо яке аз самтҳои муҳими ободонии шаҳри Бохтар ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт, рафтуомади сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани маҳаллаҳо замина фароҳам меорад.
Дар шаҳри Бохтар дар маҷмӯъ 133,3 километр роҳ мавҷуд буда, то имрӯз 90 дарсади онҳо пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақша доранд, ки роҳҳои боқимондаро низ марҳила ба марҳила таъмири асосӣ намуда, вазъи роҳу нақлиётро беҳтар созанд.
Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Ҳоҷишариф намунаи ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар самти ободонии шаҳр ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь