Дар натиҷаи корҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуданд, дар ҳудуди деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт шуд.
Ин бозёфт дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ буда, дар айни замон аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдода пас аз ҷамъбасти корҳои омӯзишӣ дар шакли ҳисоботи илмӣ-таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдгорӣ дар доираи корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии мамлакат кашф гардидааст.
Бозёфти ёдгории нав аҳамияти хос дошта, метавонад барои омӯзиши таърихи бостонӣ, меъморӣ ва рушди фарҳангии минтақа дар асрҳои IX–XII маълумоти арзишманди илмӣ фароҳам оварад.
Корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ дар ин самт идома дошта, натиҷаҳои муфассали онҳо пас аз анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.



