Дар ноҳияи Хуросон ва ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон кормандони милитсия 2 ҳолати содир гардидани ҷинояти дуздиро ошкор намуданд, ки ба тасарруфи пинҳонии чорвои сокинони ин ниҳояҳо рабт дорад. Дар асоси аризаи шаҳрванд Қулов Ш.У., оид ба дуздида шудани ду сар чорвои майдаи шохдораш аз оғилхонаи ба иҷорагирифтааш воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, кормандони милитсия бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ Қурбонзода А., соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи А.Ҷомиро боздошт намуданд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гумонбаршуда боз бо ҳамроҳии Нуриддинзода С.Н., соли таваллудаш 2001 сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ шаби 6-ум ба 7-уми апрели соли 2026, аз оғилхонаи Абдувалиев А.Ҳ., соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкур 9-сар чорвои майдаи шохдорро рабуда, ба соҳиби чорво 35 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

Чорводуздӣ дар Хуросону Ҷомӣ
Блоки рекламавӣ


