Расонаҳои давлатии Чин гузориш додаанд, ки бар асари таркиш дар як кони ангиш дар ин кишвар 90 тан ҷон бохтаанд.
Хабаргузории “Франс пресс” бо такя ба хабаргузории давлатии Чин — “Синхуа” навиштааст, ки ҳодиса шоми 22 май дар як кони ангишт дар вилояти Шанси рух дод. Ҳангоми рух додани таркиш 247 коргар дар кон будаанд.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин гуфтааст, ки 345 нерӯи кӯмакрасон ба маҳали ҳодиса фиристода шуданд ва дар ҷустуҷӯи 9 нафаре ҳастанд, ки ҳанӯз нопадиданд.
Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин хостгори истифода аз ҳама имкониятҳо барои дармони захмиҳо шуд ва бар анҷоми таҳқиқоти ҳамаҷониба дар бораи ин ҳодиса таъкид кард.
Блоки рекламавӣ



