Таъмири хонаи як додситони собиқ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷанҷолбарангез шуда, баҳси он то ба додгоҳ рафтааст.
Коргарон даъво доранд, ки хонаро ҳудуди чор моҳ таъмир карданд, аммо муздашонро пурра гирифта натавонистанд. Ба иддаои онҳо, сухан дар бораи 108 ҳазор сомонӣ, баробари беш аз даҳ ҳазор доллар, меравад. Ҷониби дигари баҳс қазияро шарҳ надод.
Музаффар Масаидов, яке аз даъвогарон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ба мо ҳамагӣ 45 ҳазор сомонӣ доданд. Ҳамонро ҳам қисм-қисм ва бо ҷангу ҷанҷол. Шоҳидон ҳастанд. Сабтҳояшро дорем. 108 ҳазор сомонии дигар бояд бидиҳанд. Русия гӯем, майлаш, дар ватани худамон кор кардем, вале пули моро намедиҳанд.”
Молики хона Абдуғаффор Ниёзбадалов, корманди пешини додситонӣ будааст, ки зиёда аз 40 сол дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла додситони шаҳри Бӯстон кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.
Радиои Озодӣ телефонӣ бо ӯ тамос гирифт ва назарашро дар мавриди даъвои коргарон пурсид. Абдуғаффор Ниёзбадалов гуфт: “Мо ба додгоҳ муроҷиат кардаем. Бо аризаи муқобили даъво. Қарори суд барояд, репортаж мекунед ё не, кори шумо аст. Ҳоло дар баррасии судӣ аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба он омехта шавад.”
Дар ҳоле ки соҳиби хона розӣ нашуд, қазияро ошкоро дар миён гузорад, Музаффар Масаидов мегӯяд, ки кор дар ҳавлии Абдуғаффор Ниёзбадалов бо даъвати худи ӯ аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2025 идома кард.
Гурӯҳи корӣ аз 15 нафар иборат буд. Ҳарчанд бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин буданд, пурра пардохт нашудани пул боис ба радду бадал байни коргарон ва дар ниҳоят корпартоии онҳо гашт.
Музаффар Масаидов мегӯяд: “Сабаби корпартоӣ ҳамин, ки пули андовагаронро пурра надоданд. Ман ба устоҳо гуфтам, биёед, ба суд муроҷиат кунем, онҳо тарсида гуфтанд, агар тавонӣ худат гир.”
Фарзон Муҳаммадӣ

Чаро таъмири хонаи мансабдори собиқ ҷанҷолӣ шуд?
Блоки рекламавӣ


