Бори аввал дар ин Ҷоми ҷаҳони соли 2026 бозӣ ба далели огоҳиҳои марбут ба обу ҳаво муваққатан қатъ шуд.
Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Фаронса ва Ироқ дар шаҳри Филаделфия бинобар хатари раъду барқ ва тӯфони шадид боздошта шуд ва бояд пас аз ду соати таваққуф оғоз гардад.
Ин аввалин ҳолат дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 аст, ки омилҳои обу ҳаво ба ҷараёни бозӣ мустақиман таъсир мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳолати обу ҳаво ва ба таъхир гузоштани бозиҳо соли гузашта, дар Ҷоми ҷаҳонии дастаҳои футбол низ мушоҳида шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь