Дастаи то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Тошканд ба анҷом расид, ғолиб омад.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони мо бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 карданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буданд.
Наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуданд. Медалҳои нуқраро тими Ӯзбекистон (8 имтиёз) ва нишонҳои биринҷиро Қирғизистон (6 имтиёз) соҳиб гардиданд.
Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA фирӯз шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь