Мақомоти Амрико шаҳрванди 42-солаи Узбекистон Беҳзод Асроровро бо гумони содир кардани садама, ки боис ба марги як нафар шудааст, дастгир намуданд.
Садама рӯзи панҷуми июл дар Оҳайо рӯй дода, дар ин ҳодиса Тобиас Форсайт, донишҷӯи 21-сола ва дарвозабони тими донишгоҳи Массачусетс, ҷон дод. Расонаҳои Амрико навиштанд, ки Беҳзод Асроров мошини борбар меронд.
Ӯро ҳамзамон ба сохтакорӣ гумонбар медонанд.
Ба иттилои мақомот, Беҳзод Асроров баъди ҳодиса дастгоҳи сабти ҳаракат дар роҳро дар ҷайбаш пинҳон кардааст.
Расонаҳо гуфтаанд, ” вай забони англисиро намедонад ва бо пизишкону ходимони полис ба воситаи Google Translate суҳбат намуд”.
Пулис ӯро дар зиндони Мэдисон ҳабс кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь