Ҳизби Ҷабҳаи халқ дар Озарбойҷон гуфтааст мақомҳои амниятӣ Алӣ Каримлӣ, раҳбари ин ҳизбро, ки ҳизби асосии мухолифи Ҳукумат аст, дар Боку боздошт кардаанд.
Бар пояи эъломияи ин ҳизб, нерӯҳои амниятӣ рӯзи 30-юми ноябр вориди манзили Алӣ Каримлӣ шуданд ва пас аз тафтиши хона ӯро бо худ бурданд. Як рӯз баъд, ҳизб эълон кард, ҳеч маълумоте аз сарнавишт ва ҷойи нигаҳдории ӯ надорад.
Ҳамзамон додгоҳе дар Боку рӯзи 1-уми декабр дастури ҳабси муваққати ӯро содир кард. Вакилони дифои Алӣ Каримлӣ гузориш додаанд, ки додгоҳ ӯро пас аз муттаҳам шудан ба тавтеа барои сарнагунии раисҷумҳур Илҳом Алиев, то 13-уми феврали соли 2026 дар боздошт нигаҳ медорад. Ин иттиҳом метавонад муҷозоти ҳабси абад дошта бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь