Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Толмачевои шаҳри Новосибирск мардеро боздошт кардаанд, ки мехост зиёда аз 25 миллион рубл ё 313 ҳазор долларро ба шаҳри Душанбе барад. Мақомоти Русия аз ин нафар ном набурда, танҳо гуфтаанд, ӯ шаҳрванди хориҷӣ ва 30-сола аст.
Ба иттилои Хадамоти гумруки Русия, ин нафар 25 миллион рублро дар шакли нақд дар ҷомадонаш ҷой дода, онҳоро дар эъломия ё декларатсия ворид накардааст. Назари худи ӯ ба қазия маълум нест. Гуфта мешавад, ки ин нафар дар аввал интиқоли пули зиёдро рад карда, вале ҳангоми санҷиш онро эътироф кардааст.Мақомоти Русия алайҳи ин шахс бо иттиҳоми қочоқи пули нақд ба миқдори калон, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба гумонбар ҷаримаи калон ё зиндон таҳдид мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь