Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти ғайриоддӣ дар вилояти Суғд дар бораи талоши фурӯши ғайриқонунии ду хирсбачаи малламӯи тиёншонӣ хабар додааст.
Вазорат дар як баёнияи расмӣ гуфт, кормандони милиса як сокини 28-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дастгир карда ва ба зидди ӯ бо гумони шикори ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Номи ин ҷавони 28-соларо нагуфтаанд, вале гуфтаанд, ки ӯ охири моҳи марти имсол дар минтақаи “Қизилтайгӣ” воқеъ дар ҷангалзори Кӯҳсовлисои ноҳияи Шаҳристон ду хирсабачаро гирифта ва бо ҳадафи фурӯш дар хонааш нигаҳ доштааст.
Хирси малламӯй аз ҷонварҳои нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар Китоби сурхи кишвар ворид мебошад.
Блоки рекламавӣ



