Аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду шаҳрванд Саидова Мавҷуда, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Номбурда муддати тӯлонӣ ба фолбинӣ, сеҳру ҷоду, кушоиш ва дигар амалҳои хурофотӣ машғул гардида, ин амали ғайриқонуниро ба манбаи даромад ва воситаи пешбурди зиндагии худ табдил додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.
Блоки рекламавӣ



