Чандин деҳаҳои ноҳияи Айнӣ зарар диданд ва боронҳои сахту омадани сел ба чанд деҳа зарар расонидааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Айнӣ навишт, сел “ба роҳҳо, ҷӯйборҳо, заминҳои кишоварзӣ ва як қатор манзилҳои истиқоматӣ зарар расонид”.
Мақомот омори зарардидагонро ҳанӯз нашр накардаанд. Офати табиӣ ба деҳаҳои Куҳруд, Сангистон, Зосун, Каздон ва Куруд омад. Сел ҳамчунин рӯзҳои 1-2 июн сабаби як муддат баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ буд.
Блоки рекламавӣ



