Бонки Ҷаҳонӣ вокуниши фаврӣ ба мушкилоти ногаҳонӣ ва бӯҳронии Тоҷикистонро муайян кард, ки ҳадафи он “расонидани кумаки зудҳангоми молиявӣ ба ҳукумат дар ҳолатҳои фавқулода” номида шуд.
Дар ин бора намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода, гуфт, ин барнома имкон фароҳам меорад, ки то 10 дарсади маблағҳои беэътибор ва тақсимнашуда аз махзани сармоягузории амалкунандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар, ҳамасола барои маблағгузории чораҳои вокуниши фаврӣ равона карда мешаванд.
Пас аз эълони расмии вазъияти фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, ин барнома метавонад фавран барои таъмини кормандони ёрии аввалия бо таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ, хариди молҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла хӯрокворӣ, об, дорувор ва маводи кишоварзӣ ва инчунин барои расонидани дастгирии таъҷилии рӯзгор ба хонаводаҳои зарардида истифода шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Блоки рекламавӣ


