Дар доираи татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2026–2030, ки аз 105 лоиҳа иборат мебошад, як қатор корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ идома дошта, аллакай як лоиҳа ба маблағи 5 миллион сомонӣ пурра ба анҷом расидааст. Дар ин бора раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод, зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ба истифода додани иншооти нав ва рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ 306 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, тавассути мақомоти меҳнат 297 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар ин ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, ба табақаҳои ниёзманд бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи зиёда аз 1,2 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расониданд. Ҳамзамон, барои оилаҳои камбизоат ва гирандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, пардохтҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд.
Қайд карда шуд, ки иҷроиши қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ 109 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 108,4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 8,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин натиҷаҳо аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, рушди хизматрасонӣ, рақамикунонии соҳаҳо ва беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз ба даст омадаанд.

Блоки рекламавӣ