Дар шаҳри Бохтар насли нави донишмандон — хатмкунандагони беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо аттестатҳои аъло ва медалҳои тиллову нуқра истиқбол гирифта шуданд.
Дар доираи озмуни аттестати аълои универсалӣ, инчунин аттестатҳои аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ як гурӯҳ хонандагони синфи 11 ба дастоварди арзанда ноил гардида, номи мактаб ва шаҳри худро бо ифтихор муаррифӣ карданд.
Дар маросими тантанавӣ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ва намояндагони соҳаи маориф бо дастпарварони беҳтарин мулоқот намуда, онҳоро барои ин муваффақияти назаррас самимона табрик карданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як медали бадастомада самараи меҳнати пайвастаи хонандагон, заҳмати содиқонаи омӯзгорон ва дастгирии ҳамешагии падару модарон мебошад. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар барои рушди илму маърифат ва тарбияи насли соҳибмаърифат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Хатмкунандагони аълохон бо азми қавӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ барои идомаи таҳсил ва ба даст овардани комёбиҳои нав дар роҳи илму дониш талош хоҳанд кард.
Ситораҳои имрӯзаи илму дониш — фардо муҳандисон, табибон, олимон ва роҳбарони ояндаи кишвар хоҳанд буд. Бохтар бо чунин ҷавонони соҳибистеъдод бори дигар собит месозад, ки мактабҳои он макони парвариши насли донишманду созанда мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь