Имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар омӯзгорону хонандагон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро дастаҷамъона тамошо карданд.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсиву маърифатӣ аҳли маорифи шаҳр суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш ироа гардид, бо таваҷҷуҳ тамошо намуданд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр омӯзгорону хонандагон зимни тамошои дастаҷамъонаи барномаи идона таъкидҳои Пешвои миллатро вобаста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Аҳли маорифи шаҳри Бохтар изҳор медоранд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон ва рушди соҳаи маориф минбаъд низ талош хоҳанд кард.
Рӯзи дониш барои хонандагону омӯзгорон на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки рамзи донишандӯзӣ, созандагӣ ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев



