Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Бурҳониён Олимҷон ба синни нафақа расидан, дар фазои тантанавӣ гусел карда шуд.
Ба ин муносибат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардида, дар он роҳбарият, кормандони соҳа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аз хизматҳои шоён ва саҳми арзандаи Бурҳониён Олимҷон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки номбурда тӯли солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла, ӯ давоми 2 солу 3 моҳи охир дар шаҳри Бохтар ҳамчун сардори раёсати Вазорати корҳои дохила фаъолияти пурсамар анҷом дода, дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим бозидааст.
Дар анҷоми ҳамоиш ба Бурҳониён Олимҷон барои хизматҳои содиқона ва фаъолияти самарабахш сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардида, ӯ бо эҳтирому қадрдонӣ ба нафақа гусел карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар

Бохтар: Олимҷон Бурҳониён ба нафақа рафт
Блоки рекламавӣ


