Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Асомиддин Ҳайдаров дар маҳаллаи Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар наздики 4 км роҳ пурра таъмин гардид.
Сарвазири кишвар дар маҳаллаи Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар аз роҳи мумфаршгардидаи аҳамияти маҳаллидошта боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси оилаи Ҳайдаровҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,8 километр роҳ бо сифати баланд мумфарш гардидааст. Қоҳир Расулзода ин иқдоми соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба оилаи Ҳайдаровҳо барои саҳми арзандаашон дар ободонии диёр изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Блоки рекламавӣ



