Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Маркази савдои «НАВО» ва қаҳвахонаи «Рестобар» бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Маркази савдои «НАВО» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шарафҷон Ҳабибов бунёд гардида, дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии 10-ошёна, воқеъ дар хиёбони Ваҳдат ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии марказ 360 метри мураббаъро ташкил дода, он ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи аввалияи аҳолӣ ихтисос ёфтааст.
Бо ифтитоҳи маркази савдо 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати кормандон 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар таҳхонаи ҳамин бино қаҳвахонаи «Рестобар» бо масоҳати 365 метри мураббаъ ба истифода дода шуд. Қаҳвахонаи мазкур дар самти хизматрасонии хӯроки умумӣ фаъолият намуда, барои боз 10 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду иншоот 20 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, барои рушди соҳибкории маҳаллӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва ғанӣ гардонидани инфрасохтори хизматрасонии шаҳри Бохтар саҳми арзанда мегузоранд.

Бохтар: Маркази савдои «НАВО» ва қаҳвахонаи «Рестобар»
Блоки рекламавӣ


