Дар шаҳри Бохтар корҳои бозсозии пурраи Маҷмааи «Ваҳдат», ки дар назди автовокзали шаҳр ҷойгир аст, оғоз гардидааст. Ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, маҷмааи мазкур солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт. Акнун бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр он пурра азнавсозӣ шуда, бо тарҳу намои муосир ва нақшу нигори миллӣ бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа, дар ин мавзеъ роҳравҳои замонавӣ, нишастгоҳҳо, чароғҳои равшанидиҳӣ, майдончаҳои сабзу хуррам, фаврраҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд шуда, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки лоиҳаро дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи таҷдидшудаи «Ваҳдат» симои шаҳри Бохтар боз ҳам зеботар гардида, барои сокинону меҳмонон макони нави истироҳату фароғат фароҳам хоҳад шуд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь