Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфҳои 9–10-уми муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар маҳорати баланд нишон дода соҳиби 56 медал гардиданд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27 медал бештар мебошад.
Аз Шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфҳои 9-10 – и мактабҳои шаҳр 8 медал тилло, 6 медал нуқра ва 42 медал биринҷиро соҳиб шуданд.
Бояд гуфт, ки хонандагони синфи 11-и шаҳри Бохтар чанде пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, сазовори 13 медал шуда буданд.
Блоки рекламавӣ



