Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар то соли 2029 бунёди 10 кӯдакистони муосир ба нақша гирифта шудааст. Масъулони Мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар азим доранд, ки фарогирии кӯдаконро баъди ба истифода додани ин муассисаҳои томактабӣ ба 50 дарсади расонанд.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар гуфт, ки ин 10 муасисаи томактабӣ барои беш аз 1 ҳазору 520 нафар кӯдакон пешбини шудааст.
Ба гуфти манбаъ ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба наздики 38 дарсад расида, дар шаҳр 23 кӯдакистон ва 17 маркази рушди кӯдак фаъолият дош­та, дар онҳо 5532 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь