Дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва аҳолӣ ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Тавре Самадзода Фирдавс, мудири Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ҳаҷми қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 390,2 миллион сомонӣ ё 20,2 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои ӯ, тақсимоти соҳавии қарзҳо нишон медиҳад, ки ҳиссаи асосии маблағҳои додашуда ба рушди соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки 23 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин барои саноат 3,5 фоиз, сохтмон 3 фоиз, нақлиёт 0,9 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 8,3 фоиз, хизматрасонӣ 6,5 фоиз, ипотека (хариди манзил) 0,9 фоиз, таъмири хона 9,2 фоиз, автоқарз 1,8 фоиз, қарзҳои истеъмолӣ 41,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,1 фоиз маблағ равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиши иқтисодиёти минтақа саҳм мегузоранд, ба ҳолати ҳисоботӣ 3,9 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8 фоиз ё 826,6 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки аз рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва зиёд шудани дастрасии шаҳрвандон ва соҳибкорон ба маблағҳои қарзӣ шаҳодат медиҳад.



