Дар мавсими таътили имсола аз муассисаҳои таълимию томактабии шаҳри Бохтар 11 ҳазору 120 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳои дохилию берун аз шаҳр фаро гирифта мешаванд. Аз ин теъдод 450 нафарашон ба лагерҳои берун аз шаҳр фиристода хоҳанд шуд.
Бо иштироки масъулони МИҲД-И шаҳри Бохтар ва шӯъбаи маорифи шаҳр дар Литсеи давлати “Ориёно” ва кӯдакистони №17- шаҳр маросими ифтитоҳи лагерҳои тобистона оғоз гардид.
Зимни чорабинӣ масъулон гуфтанд, ки лагерҳои тобистона барои фарогирии кӯдакон ба истироҳати босифат, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамоянд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ба “Фараҳ” гуфт, ки аз ҳазору 120 нафаре, ки имсол ба лагерҳо ҷалб мешаванд, 4500 нафарашон дар назди муассисаҳои томактабӣ, 1010 нафар дар назди муассисаҳои таълимӣ, 170 нафар ба лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ, 750 нафар варзишӣ – беҳдоштӣ, 4200 кас фароғати таълимӣ ва 450 ба лагер ва истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр фаро гирифта мешаванд.
Манбаъ гуфт, ки айни замон дар назди 18 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 1010 нафар хонандагон лагерҳои назди мактабӣ ташкил карда шуда, онҳо бо як вақт хурок таъмин мешаванд ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 78 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Мудир афзуд, ки ҳамзамон дар назди 19 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 4 ҳазору 500 нафар кӯдакон лагерҳои дохилӣ ташкил карда шуда, барои хурду хуроки онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр 64 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь