Дар Афғонистон ба иқдоме даст задаанд, ки агар он амалӣ шавад, эҳтимол чангу ғубор ё “боди афғонӣ”, ки ҳамасола сокинони Тоҷикистонро азият мекунад, кам шавад. То соли 2030 дар ин кишвар ният доранд, ки беш аз 200 миллион дарахт шинонанд ва ҷангалзорҳои нобудшударо барқарор кунанд.
Сафедорзори тозабунёд дар канори Кобул аз ҷумлаи талошҳое барои барқарор кардани ҷанглазорҳои Афғонистон аст, ки дар се даҳаи охир 50 дарсадаш нобуд шудааст. Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди Оқохон аз ниҳолшинонӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд
Талош барои эҳёи ҷангалзорҳо аз соли 2023 дар Афғонистон оғоз шудааст. Созмонҳои байналмилаӣ гуфтаанд, ки то соли 2030 ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд, ки 200 миллион дарахт шинонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь