Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум рафтанд.
Имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд, ба синфи якум рафтанд. Агар кӯдак то 31 декабри соли 2019 таваллуд шуда бошад, ӯ метавонад ба синфи якум қабул гардад. Дар ҳолати 1 январи соли 2020 ё баъд аз он таваллуд шудан қабул ба синфи якум танҳо дар соли таҳсили оянда имконпазир хоҳад буд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллзода, моҳвораи ба таълим фарогирии хонандагони синфи якум то 15 сентябр идома меёбад. Аз ин рӯ, шумораи хонандагони синфи якум дар вилоят боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.
Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 196 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи 393 миллиону 550 ҳазор сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ гардида, барои 34 ҳазору 848 ҷойи нишаст шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Айни замон сохтмони муассисаҳои таълими ва томактабӣ дар вилояти Хатлон бо маром идома дорад.
Соли нави таҳсил барои ҳазорон кӯдаки хатлонӣ бо қадами нахустин ба остонаи мактаб оғоз гардид.



