Дар деҳаи Такфон беморхонаи минтақавӣ месозанд.
Беморхона бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои 20 бемор пешбинӣ гардидааст. Он аз 6 шуъба иборат буда, барои ташхису табобати босифати беморон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ба сохтмони ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ беш аз 6 миллион сомонӣ равона гардида, баъди ба истифодадиҳӣ он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Бунёди чунин иншоот дар деҳаҳои дурдаст ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
Дар ин деҳа муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ бунёд мегардад. Кӯдакистон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» барои 120 кӯдак сохта мешавад.
Дар шаҳраки Зарафшон бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фон-Яғноб» бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37 бунёд ва дар он барои хонандагон шароити муносиби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Беморхонаи минтақавӣ дар Такфон
Блоки рекламавӣ


