Пажӯҳиши муҳаққиқон дар Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудоии хонаводаҳо дар кишвар надоштани хонаи хусусӣ аст. Таҳқиқотро соли 2025 кормандони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография анҷом додаанд ва маълум шуд, ки сабаби аввал омода набудан ба издивоҷ сабаби талоқ аст ва сипас бехона будан.
Муҳаққиқон маълум карданд, ки 67 дар сади оилаҳо бинобар издивоҷи барвақт, масалан дар 18, 19 ва ё 20- солагӣ ва бинобар тайёр набудан ба зиндагии муштарак ҷудо мешаванд.
Як иллати дигар ва он ҳам муҳим хонаи хусусӣ надоштани ҷуфтҳои ҷавон аст, ки ҳамроҳ бо волидайну оилаҳои масалан бародар зиндагӣ мекунанд. Бештар аз 23 дар сади носозгориҳо, ки бо талоқу аз ҳам пошидани оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон меанҷомад, ба сабаби хона надоштани зану шавҳари ҷавон мебошад.
Таҳқиқ нишон дод, ки бештар аз 26 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон ба сабаби муноқишаву ҷангу даъво байни худи зану шавҳари ҷавони нотайёр ба хонадорӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Дахолати волидайн ё падару модар ба зиндагии ҷавонон ҳам сабаби талоқ дар Тоҷикистон аст ва он тақрибан 26 дар садро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли 2025 дар кишвар тақрибан 8500 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд, ки тақрибан 6 дар сад камтар аз соли 2024 мебошад.
Пажӯҳиш дар бораи тамоюлҳои издивоҷу ҷудоӣ дар Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Ҳасан Исломов, яке аз муҳақиқони Институти иқтисод ва демография анҷом шуд, нишон дод, ки тамоюлҳои талоқу издивоҷ дар кишвар тағйир меёбанд.
Масалан солҳои навадуми асри гузашта агар ҷавонон зуд издивоҷ мекарданд, солҳои баъдӣ синни издивоҷ боло рафт, вале дар се-чаҳор соли ахир дигарбора рӯ ба поён овард. Таҳқиқот дар мавзӯи “Ҷанбаҳои иқтисодию демографии талоқ” нишон дод, ки аз соли 2010 то соли 2023 синни издивоҷ дар кишвар то як сол поин омадааст.
Дар умум пажӯҳишҳои гуногун нишон додаанд, ки агар дар гузашта ҷомеаи суннатии тоҷик бо устувории оилаҳояш фарқ мекарданд, ҳоло ҳар соат дар гӯшаву канори кишвар як ё чанд оила аз ҳам ҷудо мешаванд. Ба гуфтаи донишмандон, ин танҳо як мушкили иҷтимоӣ нест, балки зарбаи сахт ба иқтисоди кишвар ва ояндаи насли наврас аст.
Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки сабабҳои иқтисодӣ дар ин ҷо нақши калидӣ доранд, надоштани хонаи хусусӣ, зиндагии муштарак бо волидайн ва дахолати аъзои дигари оила ба зиндагии ҷавонон, бекорӣ ва нотавонии мард дар таъмини ниёзҳои аввалияи рӯзгор аз сабабҳои маъмулии ҷудо шудани ҷавонон мебашад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь