Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба, ки ҳамасола 9 май таҷлил мегардад, дар вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Чорабинии вилоятӣ санаи 9 май, соати 8:00 дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҶБВ, дар мавзеи “Панҷшанбе” бо иштироки роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорон ва сокинон баргузор хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона санаи 8 май, соати 9:00 ташкил ва баргузор мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки айни замон дар вилояти Суғд ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Барои қадршиносии ду иштирокчии ҶБВ имсол аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шудааст.
Ҳамчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Барои иштирокчиён ва собикадорони ҶБВ 440 000 сомонӣ ҷудо шуд
Блоки рекламавӣ


