Дар шаҳри Душанбе барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид.
Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар муассисаҳои томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Барнома барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад.
Кормандони Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе раванди кор бо барномаро шарҳ дода, иброз намуданд, ки баъди бақайдгирӣ дар барномаи иттилоотии «Kudak.tj» волидон тавассути он метавонанд аз харитаи электронӣ муассисаи дилхоҳро интихоб карда, барои дохил намудани фарзандонашон ба он маълумот ворид намоянд. Ба воситаи ин барнома дар навбати электронӣ қарор гирифта, ариза ба роҳбарияти маориф (Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт) равон кунанд. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имконияти нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз ин имконият дар аккаунти мураббиён ва волидон дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълимии кӯдакон кумак расонад. Инчунин қисматҳои интерактивӣ дар барнома ба ҷалби кӯдакон ва тарғиби хондан ва омӯзиш дар муҳити рақамӣ равона шудаанд.

Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рунамоӣ гардид
Блоки рекламавӣ


