Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи “Адонис XIV” ва “Гирдбод”, рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон аз дунё гузашт. Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо зиндагӣ мекард.
Улуғбек, писари Бақо Содиқов, гуфтааст ҷасади падарашро дар Олмон ба хок месупоранд. “Ӯ саломат буд, ягон шикоят надошт” – гуфтааст ӯ.
Бақо Содиқов беш аз бист сол шахси бешаҳрванд буд.
Вай соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кард. Соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Панҷ нафар аз Фарғона” дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст.
“Адонис”, “Гирдбод”, “Бухорои шариф”, “Ҷосус” ва “Имом Бухорӣ” аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд. Ин филмбардори тоҷик баъди кӯчидан ба Узбекистон ҳам ором нанишаст. Дар онҷо филми “Мурувват” ва “Фидоиён”-ро ба навор гирифт. “Фидоиён” аз 7 қисм иборат буда, дар бораи ҷадидони Бухоро мебошад.

Бақо Содиқовро дар Олмон ба хок месупоранд
Блоки рекламавӣ


