11 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид.
Тавре аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар додаанд, форуми мазкур ба як платформаи муҳими ҳамкории иқтисодию технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин табдил ёфта, дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 ширкати бонуфузи технологии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology ва Lenovo иштирок намуда, имкониятҳои технологӣ, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муаррифӣ карданд..
Дар ҳошияи Форум байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими робитаҳои иқтисодию технологӣ байни ду кишвар заминаи устувор фароҳам месозад.
Баргузории IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими шарикии стратегии технологӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию рақамии ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь