Се духтари ноболиғ, ки узви як хонадон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд, ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроқум) ғарқ шуда, ҷон додаанд. Дар ин бора «АП» бо истинод ба хабари сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимиён иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки ғарқшудаҳо Фарзона ва Оиша Бурҳоноваи 13 ва 10-сола ва Шукрона Самиеваи 16-сола, сокинони ҷамоати Ёваанд. Ин ҳодиса рӯзи 13-уми июл тахминан соати 09:40 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар соҳили “Баҳри тоҷик” рух додааст. Ҷасади ин духтарони наврасро ҳудуди соати 10:30 дақиқа сокинону хешовандонашон аз об берун баровардаанд. Ҳарсеи онҳо бегоҳи рӯзи гузашта ба хок супурда шудаанд.

Зарринахон Солиҷонова, як масъули ҷамоати Ёва ба «АП» изҳор доштааст, ки духтарони ғарқшуда аз як хонадон ҳастанд, яъне, Оиша ва Фарзона Бурҳоноваҳо амакдухтарон ва Шукрона Самиева аммадухтари онҳо будааст. Оиша ва Фарзона дар мактаби рақами 16 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шукрона дар мактаби рақами 20-и шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь