Бахшида ба 29-солагии Рузӣ Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лигаи волейболи вилоят байни мардон оғоз гардид.
Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят доир шуда, дар он дастаҳо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст дар вилоят Лигаи волейбол таъсис дода шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш корҳои созандагӣ бемайлон идома доранд.
То имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои таҷлили сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 155 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуда, то 9 сентябри соли равон бошад, боз дар ин самт иншооти дигар мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь