Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар иттилоъ дод, ин роҳҳо дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён мебошанд, ки 12, 7 километро ташкил дода, аз ин 7,9 км роҳҳои байналмилалӣ буда, танҳо 2,6 км он пурра таъмири асосӣ карда шуда, боқи ба таъмири асосӣ ниёз доранд:
– “Аммо аз автовокзал то чорроҳаи назди бозори Ҳоҷӣ Шариф ва аз инҷо то чорроҳаи “Шаҳло” – и шаҳри Бохтар вайрону валангор буда, беш аз 20 сол боз тамоман таъмири асосӣ нашудаанд. Танҳо аз ҳисоби идораи роҳҳои ноҳияи Кӯшониён ин роҳҳо таъмири ҷорӣ карда мешаванду халос”, – илова кард ӯ.
Блоки рекламавӣ



